<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>D</key>
<title>Андаруни ҷони мо ғавғост - Исо омадааст, Сад ҳазорон мужда бар дилҳост - Исо омадааст Хд12</title>
<lyrics>[V1]
.    D                   G          Em        A                        Fism       D
 //  Андаруни ҷони мо ғавғост - Исо омадааст, сад ҳазорон ммжда бар дилҳост - Исо омадааст  //
.D                  G
 Аз насими ин паёми осмонӣ рӯзу шаб
.Em                     A         D
 Ашки шодӣ дар дилам дарёст - Исо омадааст.
.                  G
 Интизори ваъдаи дидори фардо то ба кай?
.Em                         A          D
 З-он ки имрӯз ҳам ҳамон фардост - Исо омадааст.
.                       G          D
 Дар гулистони муҳаббат ҳар гуле гӯяд Туро,
.                       G         D
 Нағмаи ҳар булбули шайдост - Исо омадааст.
.                      G
 Баҳри дидан пардаҳоро як ба як бояд дарид,
.Em                      A          D
 Чун бурун аз пардаҳо пайдост - Исо омадааст.

[V2]
 //  Гӯши дигар боядат будан туро, то бишнавӣ,
 Дар забони зарраҳо ғавғост - Исо омадааст.  //
 Ин ҳадиси савсан асту ин ҳадиси ёсуман,
 Ин ҳадиси лолаи саҳрост - Исо омадааст.
 Кай ба истидлоли мо мӯҳтоҷ омад офтоб?
 Дида мебинад, агар биност - Исо омадааст.
 Донише бояд турову гардише бояд туро,
 Офариниш сар ба сар гӯёст - Исо омадааст.
 Ҳам зи Матто, ҳам зи Марқӯс, ҳам зи Луқо,
 Ҳам дар он Инҷили Юҳанност - Исо омадааст.
 Хотима:
 //
 Тоҷи зебо бар сари худ гар бихоҳӣ, ҳам биё,
 Тоҷи зебо бар сарат Исост - Исо омадааст.  //</lyrics>
<hymn_number>12</hymn_number>
</song>